Суғд: «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» миёни мактабиён доир гардид
Хуҷанд, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони эҷодкор ва ба ин васила мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни мактабиён, бори нахуст бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд ва иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят даври аввали озмуни вилоятии «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» миёни мактабиён доир гардид.
Дар озмун дастаҳо аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд аз рӯи се бахш байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар ҷамъбаст бо гирифтани 14 хол мактаби хусусии ғайридавлатии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд ҷойи якумро ба даст овард ва зинаҳои баъдиро мактаби хусусии ғайридавлатии «Паймони азизон»-и шаҳри Хуҷанд, мактаб- гимназияи № 1 -и шаҳри Бӯстон, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 16 шаҳри Хуҷанд, гимназияи № 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ноҳияи Спитамен ишғол намуданд.
Ҳамаи иштирокдорон барои иштироки фаъолона дар давраи якуми озмун бо сипосномаи сардори Раёсати маорифи вилоят қадрдонӣ шуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






