Таҷлили Рӯзи Ғалаба ва супоридани туҳфаҳои Пешвои миллат ба иштирокдорони ҶДҶ дар Ваҳдат
Ваҳдат,10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар шаҳри Ваҳдат маросими гузоштани гулчамбар дар назди муҷассамаи Модар, ба хотири шаҳидони роҳи Ватан ва барномаи идона баргузор шуд. Дар ҷашнвора шаҳрвандон аз тамоми қишрҳои ҷомеа, хурду калон, пиру ҷавон, иштирокдорони ҷанги Афғонистон, собиқадорони меҳнат ва варзишгарон иштирок намуданд. Дар боғи фарҳангии шаҳр бо иштироки ҳунармандони ҷавон консерти идона ва сайри оммавӣ ташкил карда шуд.
Ихтиёриёни филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ин фурсати идонаро аз даст надода, миёни насли ҷавон мусобиқаи шашкабозӣ таҳти унвони Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат гузарониданд. Ҳамчунин дар арафаи ин ҷашни хотирмон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Холиқназар ва муовини раиси шаҳр Фарзона Хочазода ба аёдати 12 нафар иштирокдори ҶДҶ рафта, туҳфаҳои пулии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро супориданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






