Табодули электронии маълумот байни хадамоти гумрук дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ

Май 26, 2016 11:50

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар  доираи Комиссияи иқтисодии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба табодули электронии маълумот байни хадамоти гумрук дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ дар Душанбе семинари фаннӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат доштанд.
Сардори  Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёт Қурбон Саидов мавзӯи матраҳшавандаро хеле муҳим арзёбӣ намуда, ҷонибҳои ширкаткунандаро дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ ба ҳамкории густарда даъват кард.
Роҳбари  бахши содагардонии ҳамлу нақл ва логистикаи шуъбаи нақлиёти ЭСКАТО СММ хонум Вирҷиния Танасе роҷеъ ба фаъолияти ЭСКАТО СММ дар самти ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ — коммуникатсионӣ барои гумрук, нақлиёт ва логистика ибрози андеша кард.
Дар нишаст ҳамчунин рӯнамоии лоиҳа оид ба барқарории табодули ҳисоботи электронӣ миёни хадамоти гумрук ва роҳандозии он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Ёқубзода роҷеъ ба таҳлили муқоисавии шартҳои ҳуқуқиву фаннӣ барои табодули электронии маълумот, иқдоми пешниҳодшаванда ба хотири роҳандозии низоми табодули электронии маълумоти марбута ибрози андеша намуд.

Май 26, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад