Табодули электронии маълумот байни хадамоти гумрук дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ
Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Комиссияи иқтисодии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба табодули электронии маълумот байни хадамоти гумрук дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ дар Душанбе семинари фаннӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат доштанд.
Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёт Қурбон Саидов мавзӯи матраҳшавандаро хеле муҳим арзёбӣ намуда, ҷонибҳои ширкаткунандаро дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ ба ҳамкории густарда даъват кард.
Роҳбари бахши содагардонии ҳамлу нақл ва логистикаи шуъбаи нақлиёти ЭСКАТО СММ хонум Вирҷиния Танасе роҷеъ ба фаъолияти ЭСКАТО СММ дар самти ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ — коммуникатсионӣ барои гумрук, нақлиёт ва логистика ибрози андеша кард.
Дар нишаст ҳамчунин рӯнамоии лоиҳа оид ба барқарории табодули ҳисоботи электронӣ миёни хадамоти гумрук ва роҳандозии он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Ёқубзода роҷеъ ба таҳлили муқоисавии шартҳои ҳуқуқиву фаннӣ барои табодули электронии маълумот, иқдоми пешниҳодшаванда ба хотири роҳандозии низоми табодули электронии маълумоти марбута ибрози андеша намуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






