Такмили меъёрҳои қонунгузорӣ омили муҳим ва тақозои давр аст
Душанбе, 10.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Такмили меъёрҳои қонунгузорӣ ва Конститутсия дар ҷараёни ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ омили муҳим ва тақозои давр аст. Бидуни такмилсозии меъёрҳои қонунгузорӣ дар шароити феълӣ наметавон рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҷомеаро таъмин сохт. Ин нукта зимни вохӯрии кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР ва Сафорати ҶТ дар ФР бо муҳоҷирони тоҷик ироа гардид. Мақсад аз вохӯрӣ таблиғ ва даъвати ҳамватанон ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ буд. Инчунин чунин вохӯрӣ дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Маскав баргузор гардид.
Муҳоҷирони тоҷик аз ин вохӯрии муҳим истиқбол карда, изҳор доштанд, ки рӯзи раъйпурсӣ дастаҷамъона ба бинои Сафорати Тоҷикистон омада, мавқеи худро муайян месозанд.
Дар интиҳои суҳбат кормандони Намояндагӣ доир ба дигаргуниҳои қонунгузории кишвари иқомат низ маълумот доданд. Таъкид шуд, ки дар мавриди зарурӣ муҳоҷирон метавонанд бо масъалаҳои гуногун ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Вохӯриҳои кормандони Намояндагӣ вобаста ба иштироки фаъоли муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар раъйпурӣ дар манотиқи дигари Русия идома доранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






