Тараннуми ватандӯстию ваҳдатпарастӣ дар Новокузнетск
Душанбе, 28.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск бо номи «Дӯстии тоҷикистониёну русҳо» дар шаҳри Новокузнетски Федератсияи Русия маҳфили шеъру суруд бо иштироки шоири ҷавону умедбахш, мудири бахши фарҳанги ҷамъияти тоҷикон Дилшоди Рамазонзода ва дастаи ҳунарию этнографии назди ҷамъият баргузор гардид.
Бояд зикр кард, ки Дилшоди Рамазонзода бо шеърҳое, ки дар васфи ватану ободиҳои он, сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватану муқаддасоти он бахшида шудаанд, дар миёни ҳамватанон маҳбубияти хос дорад.
Дар чорабинӣ ҳамватанони зиёде аз ҷамъиятҳои тоҷикон ва хонаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр ширкат карда, зикр карданд, ки чунин маҳфилҳо аз тамаддуни пешрафтаву осори гаронбаҳои адабии мардуми тоҷик дарак дода, инсонҳоро ба сулҳу дӯстӣ ва ободкориву зебоипарастӣ ҳидоят мекунанд.
Маҳфилро таронаҳои дилошӯби дастаи ҳунарии «Нур», ки аз матни шеърҳои Дилшоди Рамазонзода гирифта шудаанд ва шеърхонии шоири ҷавон рангинтар карданд.
Садбарг Боқиева, Новокузнетск.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






