Тими мунтахаби Тоҷикистон ба бозии муқобили Бангладеш омодагӣ мебинад

Май 24, 2016 08:55

Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Ҳаким Фузайлов омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 ба муқобили тими Бангладеш шурӯъ намуд.
Футболбозони тоҷик шоми дирӯз аввалин машқи худро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе анҷом доданд. Ба ҳайати васеи даста ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳо ба муқобили тими Бангладеш 29 бозингар — 4 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд.
Дар рӯйхат се легионер — дарвозабони «Олой»-и шаҳри Ӯши Қирғизистон Абдуазиз Маҳкамов, ҳимоятгари  тими «Газовик»-и Оренбург  Фарҳод Восиев ва ҳамлагари дастаи «Динамо»-и Брест Ҷаҳонгир Эргашев шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки 26 май дастаи  мунтахаби миллии Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо тими Бангладеш бо мунтахаби легионерҳои бошишгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин бозии дӯстона дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад. Бозии аввали тими миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Бангладеш дар плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 ва бозии ҷавобӣ 7 июн дар Варзишгоҳи миллии «Бангабанду» дар Дакка соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00  ба вақти Душанбе) шурӯъ мешаванд.

Май 24, 2016 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст