Тоҷикистон макони баргузории бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё интихоб гардид
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон макони баргузории бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни духтарони то 19 сола интихоб гардид. Ин бозиҳо аз 29 октябр то 6 ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Имрӯз дар Малайзия қуръакашии ин бозиҳо гузаронида мешавад, ки дар он дастаҳои Тоҷикистон, Австралия, Узбекистан, Эрон, Урдун, Мянма, Тайбэйи Чин , Фаластин, Ҳиндустон, Гонконг, Лубнон, Сингапур, Қирғизистон, ҷазираҳои Марианаи шимолӣ, Покистон, Филиппин, Таиланд ва Ветнам иштирок мекунанд.
Ба ҳайси мизбонони мусобиқаи интихобӣ ҳамчунин Таиланд ва Ветнам низ пазируфта шудаанд.
Аз 18 дастаи иштирокдори 4 гурӯҳ танҳо ғолибон ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё, ки аллакай ба он дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Япония ва Чин ҳамчун беҳтарин дастаҳои Чемпионати қаблӣ роҳхат гирифтаанд, ҳамроҳ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки оғози моҳи равон дар кишвари мо бозиҳои минтақавии Осиё байни духтарони то 14-сола дар дараҷаи аъло гузаронида шуд ва Тоҷикистон таҷрибаи бойи гузаронидани чунин бозиҳоро соҳиб аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






