В. Колоколтсев: «Ба мо лозим аст, ки ба рушди ҳамкорӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем»

Май 24, 2016 15:56

Душанбе, 24.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. «Ман  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар кунондам, ки тафтишот оид ба қазияи оромгоҳи Ховани Маскав  таҳти  назорати шахсии ман қарор дорад. Ягон бадкирдор,  новобаста аз кадом  минтақа ё давлат буданаш аз масъулият озод намешавад. Гурӯҳи  тафтишотӣ, ки қазияи мазкурро  таҳқиқ менамояд, низ  тамоми вазъиятро мушаххас намуда, тарафдори он аст, ки ҷинояткорон  дар асоси  қонун ба  масъулияти ҳуқуқӣ кашида шаванд», — гуфт пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Роҳбари идораи  ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳамчунин  таъкид кард, ки бо Эмомалӣ Раҳмон як суҳбати  муфассал оид ба таҳдидҳо  ва хатарҳои ҷаҳони муосир барпо гардид. «Бо назардошти шарикии стратегӣ миёни ду кишвар бори дигар  зарурати таҳкими таъсири дуҷониба дар самтҳои фаъолияти хизматии  амалиётӣ, чун  мубориза бар зидди экстремизм, терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид гардид»- зикр кард В. Колоколтсев.
Зимни идомаи ин мавзӯъ роҳбари  ВКД ФР афзуд, ки имрӯз  зарурат бар он  аст, ки ба рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, роҳ надодан ба воридшавии  шаҳрвандони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба сафҳои  созмонҳои экстремистӣ ва  террористӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.
«Вазифаи мо он аст, ба  бадрафторон иҷозат надиҳем, ки ба муносибат миёни миллатҳо таъсири манфӣ расонанд, зеро ҷинояткорӣ миллат надорад. Он  ҳаводисе, ки дар  дар кишвари мо аз ҷониби  шаҳрвандони Федератсияи Русия ё Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меоянд, ба ягон миллат ё давлати алоҳида робита надоранд », — гуфт дар анҷом  Колоколтсев.
Вазири умури дохилии ФР зикр намуд, ки  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар барои иҷрои супоришҳои роҳбарони ду кишвар, таъмини тартибот ва амнияти шаҳрвандон саъю талоши муштарак ба харҷ медиҳанд.

Тарҷумаи Манзар Боева

Май 24, 2016 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?