Варзишгарони тоҷик ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар карданд
Душанбе, 13.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқоти Grand-Prix оид ба дзюдо дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Тоҷикистонро чор варзишгар намояндагӣ мекунад. Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ки барои иштирок дар ин сабқат Фарҳод Раҳимов дар вазни 81 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило ширкат меварзанд.
Ба иттилои Нурулло Лоиқов, ин охирин мусобиқа барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпии Бозиҳои соли 2016 дар Рио-де-Женейрои Бразилия мебошад.
Ин мусобиқа аз 13 то 15 май бо ҳузури 600 варзишгар аз 98 кишвар дар Қасри варзиши ба номи Балуана Шолакаи Алмаато баргузор мешавад.
Миёни дзюдочиёни тоҷик танҳо Комроншоҳи Устопириён соҳиби роҳхат ба бозиҳои Олимпии соли 2016 мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






