Вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия Ёвон муътадил аст
Ёвон, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ёвон дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ аз рӯйи нақшаи корӣ, барои риоя накардани талаботи санитарӣ ва вайрон кардани қойда ва меъёрҳои санитарӣ нисбат ба 181 нафар соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони масъул санадҳо тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 11 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима баста шуданд ва маблағи он ба буҷаи маҳал супорида шуд.
Ҳамчунин аз нуқтаҳои савдои ноҳия 16 номгӯй маҳсулоти ғизоии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузаштаро аз муомилот гирифтанд, ки миқдори он 596 кг буда, маблағи умумиашон 7 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад.
Хушбахтона, вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия муътадил буда, дар чор моҳи соли равон бемориҳои сирояткунандаи доманашакл, исҳоли хунин, вараҷа, салмонеллёз, кабудсулфа, гулӯзиндонак, вируси гепатити С, обакон ва фалаҷи кӯдакона ба қайд гирифта нашудааст.