ВКД: Сокини ноҳияи Ёвон бо 434 грамм афюн дастгир гардид
Душанбе,26.05.2016 /АМИТ Ховар/.24 май зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, марди 45-солаи сокини ноҳияи Ёвонро бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир намуданд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 434 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.
Муайян карда шуд, ки номбурда маводи мазкурро аз марди 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба маблағи 4 ҳазору 500 сомонӣ харидорӣ намудааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






