Вохӯрӣ: «Терроризм ва экстремизм — хатар ба амнияти ҷомеа»
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои Понғоз, Меҳробод, Шайдон, Шодоба ва деҳаи Гулшан дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм-хатар ба амнияти ҷомеа», «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳои тарккардашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ вохӯрӣ гузаронид.
Дар вохӯрӣ бо сокинон доир ба хатарҳои шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, воридшавӣ ба кишвари қабулкунанда, тарзу роҳҳои гирифтани патент, дастрас намудани полиси суғуртаи тиббӣ, гирифтани маълумотномаи тиббӣ доир ба надоштани касалиҳои сироятӣ, тарзи супоридани тест дар марказҳои тестсупории Федератсияи Русия ва ду мактаби олии шаҳри Душанбе, ки ҳуқуқи додани сертификат доранд, маълумот дода шуд. Ба шаҳрвандони воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия мамнӯъ барои омӯзиши касбҳои замонавӣ Литсейи касбӣ-техникӣ ва Маркази таълими калонсолони ноҳия тавсия дода шуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






