Вохӯрии дӯстонаи «Истиқлол» бо «Сомон» бахшида ба рӯзи ҷавонон

Май 25, 2016 15:46

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дар доираи баргузории ҷашнҳо бахшида ба рӯзи ҷавонони кишвар клуби футболи «Истиқлол», чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон барои доир кардани вохӯрии санҷишӣ бо дастаи Лигаи дуввуми минтақаи Хатлон- «Сомон»-и ноҳияи Данғара ба ин ноҳия омад. Шодии мухлисони футболро ҳадду канор набуд, зеро ҳайати асосии дастаи «Истиқлол», ки аксарашонро бозингарони тими миллии кишвар ташкил медоданд, якҷоя бо легионерҳо ба бозӣ ҳозир шуданд. Ҳунарнамоии дастаҳо хеле ҷолибу шавқовар гузашт ва «чемпионҳо» бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Шериддин Бобоев аз дастаи «Истиқлол» муаллифи ду гол шуд. Як голи меҳмононро Самандар Шарифов, бозингари «Сомон» ғофилан  ба дарвозаи дастааш зад. Аз дастаи  «Сомон» голҳоро  Шараф Саидов ва Хуршед Халилов (аз ҷаримаи 11-метра) ба дарвозаи истиқлолиҳо заданд.

Май 25, 2016 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИМПУЛС-2026». Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон дар ҳисоби умумии даставӣ ҷойи дуюмро ишғол карданд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд