Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори 20- солагии Истиқлол

Май 30, 2016 09:55

 Хоруғ, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони вилояти Хатлон дар доираи рӯзҳои ин вилоят дар Бадахшон 27  май  намоиш ва фурӯши маҳсулоти худро баргузор карданд. Нархи тамоми намудҳои маҳсулот  50 фоиз арзон карда шуд ва ба як харидор бештар аз 10 кило маҳсулот фурухта нашуд, зеро иддае аз тоҷирон бо истифода аз аз нархи арзон ин маҳсулотро яклухт харида, дар ҷои дигар бо нархи дучанд ба фурӯш мегузоранд. Ба мақсади дастрасии ҳарчи бештари  аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ аз ин усул кор гирифта шуд.
Гулнор Гадоалиева, як тан аз харидорон бо изҳори минатдорӣ аз кишоварзони хатлонӣ гуфт, ки дар ҳоле ки дар Бадахшон бештари дарахтони мева, аз ҷумла гелосу олу  нав ғурра бастаанд,  дидан ва чашидани ин навъ меваҷот бо нархи хеле дастрас ба кас ҳаловат мебахшад.
28 май чунин намоиш дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор гашт. Дар гӯшаи дигари боғ консерти муштараки ҳунармандони хатлонию бадахшонӣ роҳандозӣ шуд. Агарчи ҳаво боронӣ буд, аммо ҳазорон нафар аз сокинони шаҳру навоҳии вилоят бо кафкубӣ ин базми дустӣ ва шодию тарабро боз ҳам бошукӯҳтар сохтанд.

Май 30, 2016 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад