Ғалабаи Италия бар тими Испания дар даври 1/8- ниҳоӣ
Душанбе, 29.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Италия дар доираи бозиҳои даври 1/8- ниҳоии мусобиқоти қарамонии Аврупо-2016 тими миллии Испанияро дучори шикаст намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Стад де Франс»-и шаҳри Сен-Дени сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони итолиёӣ поён ёфт. Итолиёиҳо пешсафиро аллакай дар қисми аввали дидор ба даст гирифтанд. Дар дақиқаи 33-юм баъди зарбаи қавии Давид де Хеа аз ҷаримагоҳ Ҷорҷо Келлини дарвозаи испаниҳоро рахна кард ва ҳисобро кушод.
Баъд аз танаффус футболбозони испанӣ тӯбро бештар зери назорати худ қарор дода, ба ҷониби дарвозаи ҳарифон ҳуҷумҳои пай дар пай ташкил намуданд. Аммо дар ин ҷо дарвозабон Ҷанлуиҷи Буффон дар мавқеи худ устувор буд ва якчанд ҳолати голзаниро низ бартараф намуд.
Ҳамин тариқ, дар дақиқаҳои охир Грасиано Пелле бо зарбаи қавӣ тӯбро вориди дарвоза намуд ва бартарии тимашро афзун кард.
Бо ҳамин қаҳрамони феълӣ- тими мунтахаби «Испания» баромадашро дар мусобиқоти Аврупо-2016 ба охир расонид. Дастаи Италия роҳи худро ба даври 1\4- ниҳоӣ ҳамвор кард. Акнун онҳоро боз ҳам вохӯрии мушкилтаре интизор аст, зеро дар бозии навбатӣ бар муқобили рақиби сарсахти дигар- тими мунтахаби Олмон ба майдон мебароянд.
Вохӯрии даври 1\4- ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Италия ва Олмон 2 июл баргузор хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






