Анҷоми Ҷашнвораи футболи наврасони AFC дар Алмосӣ
Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашнвора ё Фестивали минтақавии футболи AFC ки аз 26 то 30 май дар Академияи «Истиқлол»-и Душанбе, дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби наврасони Эрон ба поён расид.Ҷашнвора бо ширкати шаш дастаи мунтахаби наврасони то 14-солаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ — Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Непал, Ҳиндустон ва Эрон барпо гардид. Дар ҷадвали ғайрирасмии мусобиқот тими наврасони Эрон, ки дар ҳамаи панҷ бозӣ бар рақибонаш ғолиб омад, бо 15 имтиёз мақоми аввалро касб кард.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёз мақоми дувумро соҳиб шуд.Футболбозони навраси тоҷик дар чор бозӣ ғалаба карда, танҳо дар як дидор аз тими Эрон шикаст хӯрданд.
Тими мунтахаби Ҳиндустон бо шаш имтиёз ҷой сеюмро ба даст овард. Дар ҷойҳои минбаъда дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон ва Непал бо 6-имтиёзӣ қарор гирифтанд. Дастаи мунтахаби Қирғизистон — ягона дастае, ки шаҳди ғалабаро начашидааст, дар зинаи охирин ҷойгир шуд.
Дар маросими пӯшидашавии ҷашнвора, ки баъди анҷоми бозиҳо дирӯз дар майдони Академияи «Истиқлол»-и Душанбе дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор доир шуд, ҳамоҳангсози кулли Фестивали AFC доктор Шамил Комил Муҳаммад Ал-Ҷоҷонӣ, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ ва меҳмонони дигар ширкат доштанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






