Анвар Юнусов — соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016
Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Анвар Юнусов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Дар ин бора Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вай дар ин мусобиқа, ки дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Анвар Юнусов баъди се пирӯзӣ бар Эдгарас Скурделис (Литва), Алӣ Аҳмад (Покистон) ва Доменеко Валентино (Италия) бо ҳисоби якхелаи 3:0, шаби панҷшанбеи 23 июн дар даври чорякниҳоӣ Волкан Гоксекро аз Туркия бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Зимнан, Анвар дар Рӯзи олимпӣ пирӯз шуд.
Ҳамин тариқ, Анвар Юнусов муборизаро барои унвони қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку идома медиҳад. Ӯ дар даври нимниҳоӣ, ки бегоҳи ҷумъаи 24 июн баргузор мешавад, бо Ҷун Шан аз Чин рақобат мекунад. Сарфи назар аз натиҷаи қувваозмоии нимниҳоӣ муштзани пуртаҷрибаи тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гашт, зеро ки ӯ ҳадди ақал ҷойи севумро мегирад.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Енок Мвандила Поулсен (Дания) ва Рошиелд Виллямс (Баҳрайн) бо ҳисоби якхелаи 3:0, дар даври чорякниҳоӣ 23 июн аз Кумар Маноҷ (Ҳиндустон) шикаст хӯрд. Агар варзишгари Ҳиндустон, ки ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт, ғолиби мусобиқа шавад, он гоҳ Шавкатҷон Раҳимов ҷойи панҷумро мегирад ва ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи навбатӣ даст меёбад.








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






