Ба истифода додани панҷ иншоот дар шаҳри Ҳисор дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Июнь 25, 2016 08:28

Душанбе, 25.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ  дар шаҳри Ҳисор 5 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд»,   гуфт дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» сармеъмори шаҳри Ҳисор Ҳалима Солиева. Ба истифода додани панҷ  хонаи истиқоматии панҷошёна дар маҳаллаи ҳаштуми шаҳраки Ҳисор, ки аз ҷониби соҳибкорони  маҳаллӣ бунёд карда шудаанд, туҳфаи арзишмандест барои сокинони  шаҳри бостонии  Ҳисор.
Инчунин бо мақсади фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва бо кор таъмин намудани занону духтарони маҳаллӣ дар деҳаи Ғайратободи ҷамоати деҳоти Сомон коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият  шурӯъ менамояд, ки дар он ҳудуди 40 нафар бонувон бо ҷои кори доимӣ   таъмин мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки коргоҳи дӯзандагӣ бо ташаббуси  ҶДММ «Корок интернейшнл»  бунёд гардидааст.
Ҳамзамон сармеъмори шаҳри Ҳисор афзуд, ки бо иқдоми  соҳибкори маҳаллӣ Давлат Эшов дар маҳаллаи Ғафурови шаҳри Ҳисор сохтмони боғчаи бачагона  ба анҷом расонида шуда, дар арафаи  ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин кӯдакистон 100 нафар атфол  ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ба истифода  додани иншооти дорои таъйиноти гуногун дар арафаи Рӯзи Вахдати миллӣ дар шаҳри  Ҳисор шаҳодатест аз раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамраъӣ дар кишварамон.

Июнь 25, 2016 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд