Баргузории тренинг дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия
Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 31 май дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия аз ҷониби ташкилоти байналмилалии «Save of World» бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар мавзеи Сароби ноҳияи Варзоб тренинги омӯзишӣ барои муррабиён оғоз ёфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар кори тренинг мутахассисони соҳа аз Ҷумҳуриҳои Булғористон, Қазоқистон ва Қирғизистон даъват шуда, кормандони милитсия дар самти кор бо ҷомеа ва аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия иштирок доранд.
Мушовири калони вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Қудратулло Ғуломов оид ба раванди ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, афзалияти масъалаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва тадбирҳои дар ин самт андешидашуда сухан гуфт.
Мақсади тренинг бунёд намудани шароит барои пешрафти маҷмӯи роҳҳои таъмини амният дар ҷомеа ва мустаҳкам намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ мебошад.
Тренинги мазкур 4 рӯз идома хоҳад ёфт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






