Баррасии лоиҳаи дастури методӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ
Душанбе, 24.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи дастури методӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, кафолат ва имтиёзҳо барои сармоягузорон зимни баргузории суҳбати «мизи мудаввар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Некрӯй Забирзода- мудири КВД «Тоҷинвест» зикр кард, ки натиҷаи вохӯриҳо бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ нишон дод, ки на ҳамаи онҳо барои гуфтугузор бо сармоягузорон омода ҳастанд. Танҳо қисми ками онҳо пешниҳоди сармоягузориро дар шакли зарурӣ омода карда метавонанд. Аз ин рӯ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумак дар ҳалли масъала дастури методиро оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ бо назардошти донишу таҷриба ва тавсияҳои коршиносони хориҷӣ оид ба ҷалби сармоягузорӣ таҳия ва омодаи чоп менамояд.
Зикр гардид, ки дар дастур ҳамчунин номгӯи кафолатҳое, ки аз қонунҳои амалкунандаи кишвар бармеоянд ва имтиёзҳое, ки сармоягузорон метавонанд ҳангоми фаъолияти сармоягузорӣ мутобиқи санадҳои қонунгузории кишвар аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», кодексҳои андоз ва гумрук, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ бархӯрдор гарданд, ворид карда шудаанд.
Таъкид шуд ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амводи давлатӣ бо назардошти таҷриба ва талаботи зарурӣ барои такмили Дастури методӣ ба вазорату идораҳои соҳавӣ ҳамоҳангӣ намудааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






