Беҳтарин тарроҳони соли 2016 дар Фестивал — озмуни шаҳрии «Либоси миллӣ» муайян гардиданд
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Беҳтарин тарроҳони соли 2016 дар Фестивал — озмуни шаҳрии «Либоси миллӣ» муайян гардиданд.
Тавре ки аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, фестивал дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо дастгирии раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аз ҷониби бахши кор бо занон ва оила гузаронида шуд.
Бино ба маълумоти манбаъ, ҷамъомади мазкур дар Кохи «Истиқлол»-и шаҳр аз рӯи панҷ шарт, аз ҷумла беҳтарин либоси кӯдакона, расмӣ, идона, рӯзмарра ва қадимӣ бо ҷалби 165 нафар иштирокдор баргузор гардид.
Ба ҳамаи иштирокдорони хурдсоли Фестивал туҳфаҳои хотиравӣ ва ба ғолибони Фестивал мукофотҳои пулӣ ба маблағи 4000 (чор ҳазор) сомонӣ супорида шуданд,- зикр намуд манбаъ.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






