Бохти дастаи мунтахаби Русия аз Словакия

Июнь 16, 2016 10:41

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Русия дар даври дуввуми бозиҳои гурӯҳи «В» бо тими мунтахаби Словакия қувва озмуда, ба мағлубият дучор шуд. Шогирдони Леонид Слутский ҳамон бозиеро нишон медиҳанд, ки пештар собиқ дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ ба он шакл бозӣ мекард. Словакҳо дар дақиқаи 32 ба задани гол қодир шуданд. Владимир Вайс ду нафар муҳофизатгари русҳоро фирефта, бо зарбаи сахт дарвозаи Акинфеевро ба нишон гирифт ва тӯб вориди дарвоза гашт. Марек Гамшик, бозингари беҳтарини ин вохӯрӣ бо услубе голи дуввумро ба самар овард, ки дар зебоӣ он ба яке аз голҳои беҳтарини бозиҳои ниҳоӣ даъвогар хоҳад буд.

Футболбозони рус дар охири рақобат чун дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Англия ба худ омада, бо муаллифии Денис Глушаков дар дақиқаи 80 бо як гол ба словакҳо ҷавоб гуфтанд, аммо ин навбат бозиро наҷот додан ба онҳо муяссар нагардид ва вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1   ба анҷом расид.

Имрӯз вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Англия ва Уэлс доир мешавад.

 

N Дасатҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1   УЭЛС 1 1 0 0 2-1 3
2   СЛОВАКИЯ 2 1 0 1 3-3 3
3   АНГЛИЯ 1 0 1 0 1-1 1
4   РУСИЯ 2 0 1 1 2-3 1
Июнь 16, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд