Дар Душанбе корҳои безараргардонии конҳои пешинаи истихроҷи уран оғоз ёфтанд
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар Душанбе корҳои безараргардонии конҳои пешинаи истихроҷи уран дар Тоҷикистон оғоз ёфтанд. Ҳайати муштарак аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба Тоҷикистон ташриф оварда, якҷоя бо Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои минбаъдаро меандешанд.
Талошҳои мунтазами Иттиҳоди Аврупо барои безараргардонии конҳои радиоактивӣ ва ифлоскунанда ва ба кам кардани таҳдиди саломатӣ ва муҳити зисти мардуми Тоҷикистон равона карда шудаанд. Гузориши фарогире, ки аз тарафи Оҷонси байналмилалии неруи ҳастаӣ (ОБНҲ) соли 2010 таҳия карда шудааст, маконҳои аз ҳама хатарнок ва корҳои аввалиндараҷаи безараргардониро дар минтақаи Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Ҳоло ин гузориш чун қисми нақшаи калони стратегӣ барои минтақа дарҷ гардидааст. Иттиҳоди Аврупо барои баҳодиҳии муфассали таъсири экологӣ ва гузаронидани тадқиқоти техникиву иқтисодӣ дар конҳои собиқи уран дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла конҳои Тоҷикистон дар шаҳракҳои Табошар ва Деҳмой, аллакай беш аз 9 миллион евро ҷудо намудааст.
Натиҷаи бузурги талошҳои мазкур ин дар соли 2015 таъсиси «Суратҳисоби барқарорсозии муҳити зист» мебошад, ки он як сарчашмае барои ҷамъоварии маблағҳои ҷомеаи байналмилалӣ буда, ба пайдо кардани роҳҳои ҳалли бардавом ба мушкилоти вазнини экологӣ мусоидат хоҳад кард. Мушкилоти мазкур аз сабаби истихроҷ ва коркарди уран дар минтақа ба вуҷуд омаданд.
Ҷаласаи нахустини Маҷлиси саҳмгузорони ин суратҳисоб дар моҳи июли соли 2016 дар шаҳри Лондон доир мегардад. Ин ҷаласа таҳти раёсати Комиссияи Аврупо мегузарад ва намояндагони Тоҷикистон, дигар кишварҳои шарик ва инчунин ҷомеаи байналмилалии доноронро гирд меоварад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






