Дар Душанбе корҳои безараргардонии конҳои пешинаи истихроҷи уран оғоз ёфтанд

Июнь 16, 2016 09:54

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  15 июн дар Душанбе корҳои безараргардонии конҳои пешинаи истихроҷи уран дар Тоҷикистон оғоз ёфтанд. Ҳайати муштарак аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба Тоҷикистон ташриф оварда, якҷоя бо Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои минбаъдаро меандешанд.
Талошҳои мунтазами  Иттиҳоди Аврупо барои безараргардонии конҳои радиоактивӣ ва ифлоскунанда ва ба кам кардани таҳдиди саломатӣ ва муҳити зисти мардуми Тоҷикистон равона карда шудаанд. Гузориши фарогире, ки аз тарафи Оҷонси байналмилалии неруи ҳастаӣ (ОБНҲ) соли 2010 таҳия карда шудааст, маконҳои аз ҳама хатарнок ва корҳои аввалиндараҷаи безараргардониро дар минтақаи Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Ҳоло ин гузориш чун қисми нақшаи калони стратегӣ барои минтақа дарҷ гардидааст. Иттиҳоди Аврупо барои баҳодиҳии муфассали таъсири экологӣ ва гузаронидани тадқиқоти техникиву иқтисодӣ дар конҳои собиқи уран дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла конҳои Тоҷикистон дар шаҳракҳои Табошар ва Деҳмой, аллакай беш аз 9 миллион евро ҷудо намудааст.
Натиҷаи бузурги талошҳои мазкур ин дар соли 2015 таъсиси «Суратҳисоби барқарорсозии муҳити зист» мебошад, ки он як сарчашмае барои ҷамъоварии маблағҳои ҷомеаи байналмилалӣ буда, ба пайдо кардани роҳҳои ҳалли бардавом ба мушкилоти вазнини экологӣ мусоидат хоҳад кард. Мушкилоти мазкур аз сабаби истихроҷ ва коркарди уран дар минтақа ба вуҷуд омаданд.
Ҷаласаи нахустини Маҷлиси саҳмгузорони ин суратҳисоб дар моҳи июли соли 2016 дар шаҳри Лондон доир мегардад. Ин ҷаласа таҳти раёсати Комиссияи Аврупо мегузарад ва намояндагони Тоҷикистон, дигар кишварҳои шарик ва инчунин ҷомеаи байналмилалии доноронро гирд меоварад.

Июнь 16, 2016 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад