Дар Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД доир мешавад
Душанбе, 6.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ККША СААД), ки 8 июн таҳти роҳбарии ҷониби Арманистон доир мешавад, ба пойтахти Арманистон-шаҳри Ереван сафар кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Шӯрои амнияти Тоҷикистон хабар доданд.
Маврид ба зикр аст, ки қарор дар бораи баргузории ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД моҳи сентябри соли гузашта дар ҷаласаи якҷояи мақомоти оинномавии СААД дар Душанбе қабул шуда буд.
Тавре ки «Арменпресс» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи навбатӣ дар Ереван котиби Созмон Николай Бордюжа бо маърӯза дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба рушди низоми амнияти дастаҷамъонаи давлатҳои аъзои СААД дар мубориза бо терроризм баромад мекунад.
Ҳамчунин Қарори ККША СААД дар бораи як қатор созмонҳо, ки дар кишварҳои аъзои СААД террористӣ ва ифротгаро эътироф шудаанд, баррасӣ мешавад.
Иштирокдорони ҷаласа ҷараёни мувофиқасозии Стратегияи амнияти дастаҷамъона барои то соли 2025 ва фаъолияти ҷаласаи ҳамоҳангсози сарони наркологҳои давлатҳои аъзои СААД-ро низ муҳокима менамоянд.
Дар ККША инчунин Нақшаи машваратии намояндагони кишварҳои аъзои СААД доир ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа дар нимсолаи дуюми соли 2016 муҳокима карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 Арманистон дар СААД раисикунанда аст.








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад






