Дар Вазорати мудофиа натиҷаҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ гардиданд

Июнь 15, 2016 11:49

Душанбе, 15.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи ҷинояту риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, хулосаи санҷиши аттестатсионии кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ дар ҷамъомаде, ки таҳти роҳбарии вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо доир гардид, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, иштирокдорони  ҷамъомад вобаста ба амру супоришҳо ва фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ташкилу баргузории чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мансубанд, сухан гуфта, ин маъракаи муҳими сиёсиро дар моҳҳои апрел ва майи соли равон таҳлилу баррасӣ карда, вобаста ба монеаю мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.
Бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта баҳри дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои минбаъдаи даъватӣ, иштирокдорони  ҷамъомад ва масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.
Дар ҷараёни муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ вазири мудофиаи мамлакат вазъи кунунии кишварҳои Осиёи миёна ва баъзе аз давлатҳои ҷаҳонро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода, ба комиссарони ҳарбӣ таъкид кард, ки дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ доимо ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо дигар сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, бахусус бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақае, ки фаъолият менамоянд, ҳамкориро боз ҳам қавитар гардонанд.
Дар охири ҷамъомади мазкур, бо фармони вазири мудофиа комиссарони ҳарбие, ки фаъолияти назаррас доранду ин маъракаи муҳими сиёсӣ ё худ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд, бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуда, нисбат ба чанд нафар аз комиссарон ва кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, ки баръакс дар ташкили ин чорабинии муҳим хунукназарӣ зоҳир карда, ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ доданд, ҷазоҳои интизомӣ татбиқ намуданд.

Июнь 15, 2016 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад