Дар ВМКБ 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ амалӣ мешаванд

Июнь 28, 2016 11:08

Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,8 миллиард сомонӣ, аз дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4,2 миллиард сомонӣ ва ба ҳисоби умумӣ зиёда аз 7 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, ҳоло ба маблағи 2 миллиард 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Ин арқом субҳи имрӯз зимни мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ изҳор карда шуд. Пешвои миллат, Президенти мамлакат ҳангоми таҳлили вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят таъкид дошт, ки барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард, рушди соҳаҳои энергетикаву кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ислоҳот ва рушди соҳаи маориф татбиқи 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии як миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президент аз соли 2007 инҷониб дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 414 миллион сомонӣ корҳои бунёду барқарорсозии 75 иншооти муҳимро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб то имрӯз 59 иншоотро бо харҷи 337 миллион сомонӣ ба истифода супоридааст ва корҳо дар иншооти дигар идома доранд. Дар маҷмӯъ, тайи 25 соли истиқлолият ба буҷети вилоят 914 миллион сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ дода шудаанд ва барои солҳои 2016-2018-ум иловатан дар ҳаҷми 486 миллион сомонӣ ҷудо кардани маблағ пешбинӣ гардидааст.
Зикр гардид, ки дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» дар давраи то соли 2015 дар вилоят 48 корхона ва 62 коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият дошта, илова бар ин, дар давоми соли 2016 бунёди 20 корхонаву коргоҳи нав бо садҳо ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 25-28 июн бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнону Ишкошим ва шаҳри Хоруғ қарор дошт ва бо сокинони шаҳру ноҳияҳои ин вилоят мулоқот карда, онҳоро бо ҷашнҳои умумимиллӣ — 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт.

Июнь 28, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд