Дарёфт намудани зиёда аз 32 кило бангдонаи худрӯй

Июнь 7, 2016 09:37

Душанбе, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» 6 июн аз ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Б.Ғафуров ба миқдори 11 ҳазор бех ниҳолҳои худрӯйи бангдона дарёфт карда шуданд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ ниҳолҳои дарёфтшуда, намуди бангдонаи худрӯй буда, вазнашон 18 килою 830 граммро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ин рӯз, ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» аз ҳудуди заминҳои ба номи С.Урунхуҷаеви ноҳияи Б.Ғафуров ба миқдори 3 ҳазору 470 бех ниҳолҳои худрӯйи бангдона дарёфт гардиданд, ки вазнашон  14 килою 145 граммро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, вазни ниҳолҳои нашъадори дарёфтшуда 32 килою 975 граммро дар бар мегирад.

Июнь 7, 2016 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст