Дастовардҳои ноҳияи Ишкошим дар замони истиқлолияти давлатӣ

Июнь 27, 2016 10:13

Душанбе, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим ба маблағи умумии 70 миллион сомонӣ 155 иншооту биноҳои таъйиноти гуногун бунёд карда шудаанд, — зикр намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти хеш бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ишкошим. Сарвари давлат зикр намуд, ки: «Бунёди мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ барои 1800 ҷойи нишаст, манзилҳои истиқомативу меҳмонхонаҳо, зиёда аз 51 километр хатти оби нӯшокиву полезӣ, неругоҳи барқи обӣ дар деҳаи Лангар, таҷдиди таҷҳизоти неругоҳи барқи обии Намадгут, хатти интиқоли барқ бо зеристгоҳи 35 киловолтаи Птуп  Вранг, навсозии зеристгоҳҳои Андаробу Ишкошим, хатти интиқоли барқ аз зеристгоҳи Бизмичи шаҳри Хоруғ то зеристгоҳи Андароби ноҳияи Ишкошим ва дигар иншооти навбунёд аз ҷумлаи дастовардҳои ноҳия дар даврони соҳибихтиёрии кишварамон ба ҳисоб мераванд».
Бояд гуфт, ки ҳоло дар ноҳияи Ишкошим чор неругоҳи хурди барқи обӣ фаъолият дошта, дар се соли оянда бунёди 14 зеристгоҳи трансформаторӣ ба маблағи 8 миллион сомонӣ, таҷдиди неругоҳи барқи обии ба номи Отамбеков бо харҷи 15 миллион сомонӣ ва навсозии хатти интиқоли барқ дар масофаи 150 километр ба маблағи сеюним миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Умуман, дар давоми даҳсолаи охир барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ 230 миллион сомонӣ сарф шуда, бо мақсади идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар се соли оянда ҷудо гардидани боз 100 миллион сомонӣ маблағҳои буҷавӣ дар назар дошта шудааст. Илова ба ин, аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузорӣ ба соҳибкорон ва аҳолии ноҳия зиёда аз 80 миллион сомонӣ қарз дода шуда, ҷиҳати рушди соҳибкорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад.

Июнь 27, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад