Донишҳои бонувоне, ки дар захираи кадрианд, такмил дода мешаванд

Июнь 20, 2016 15:20

Душанбе,20.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои занони лаёқатманде, ки дар захираи кадрии мақомоти марказии ҳокимияти давлатиянд, аз рӯи барномаи «Зан-роҳбар» оғоз гардид.
Такмили донишу малака ва маҳорати корбарии занони дар захираи кадрҳобудаи  мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҳадафҳои асосии курси макур мебошад.
Машғулиятҳо тӯли як ҳафта идома ёфта, ба шунавандагон дар мавзӯъҳои имиҷи хизматчии давлатӣ: принсипҳои методологӣ ва хусусиятҳои  ташаккул, сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо, мутобиқшавии равонию иҷтимоии ҳизматчии давлатӣ ба фаъолияти касбӣ,  асосҳои ҳуқуқии баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, нақши занон дар идораи давлат, имиҷи зан- роҳбар  ва асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои   оилавӣ мубоҳисаҳо гузаронида  мешаванд.
Интизор меравад, ки дар анҷоми  машғулиятҳо дар мавзӯи  «Баланд  бардоштани мақоми зан дар ҷомеа: ҳолат ва дурнамо» суҳбати «мизи мудаввар» доир гардад.
Дар анҷоми курси такмили ихтисос ба шунавандагон гувоҳнома ва шакли электронии машғулиятҳо супорида хоҳанд шуд.

Июнь 20, 2016 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ