Фаъолияти 11 маркази таълимӣ- истеҳсолӣ дар Ашт
Душанбе, 24.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори раиси вилоят дар ноҳияи Ашт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, бо мақсади рушди ҳунари адрасу атласбофӣ, ташкили марказҳои таълимӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тадбирҳо амалӣ мешаванд.
Дар Маркази таълимии «Дугонаҳо»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров 17 нафар занону духтарон нозукиҳои ин касби қадимаи аҷдодиро омўхта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Бино ба иттилои раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизӣ, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 11 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ таъсис дода шудааст. Бо дастгирии раиси вилоят 32 адад дастгоҳи адрасу атласбофӣ ба ин марказҳо оварда, насб карда шуданд.
Имрўз дар ин марказҳо бонувони соҳибкасб нозукиҳои касби бофандагию дўзандагиро ба шогирдон меомўзонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






