Гиромидошти хотираи «патриот»-и футболи тоҷик Геннадий Черевченко
Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи футбол миёни кӯдакон барои гиромидошти хотираи собиқ футболбози маъруф ва капитани дастаи «Помир»-и Душанбе, Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Черевченко Геннадий Иванович баргузор гардид. Чорабинии мазкур соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Дар маросими ифтитоҳи он писари Геннадий Черевченко- Игор Черевченко, ки феълан сармураббии бошишгоҳи футболи «Локомотив»-и Маскав мебошад, иштирок ва суханронӣ намуд. Инчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва собиқ ҳамдастагону дӯстони Геннадий Черевченко дар бораи фаъолияти касбии собиқ капитани дастаи маъруфи «Помир» Геннадий Черевченко ба наврасони иштирокчӣ маълумот доданд.
«Ман ба футболи тоҷик таваҷҷуҳи зиёд дорам, дар ҳоле, ки дар Русия кору зиндагӣ дорам. Футболи тоҷик рӯ ба рушд дорад. Ҳар боре, ки ба Тоҷикистон меоям, бачаҳои болаёқатро зиёд мушоҳида мекунам, яъне футболи Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад. Ман миннатдорам за ФФТ, ки чунин як мусобиқаро ба ифтихори падари ман таъсис додааст ва мо нақша дорем, ки дар оянда ин мусобиқаро дар сатҳи байналмилалӣ баргузор намоем»,-иброз дошт Игор Черевченко дар суҳбат бо хабарнигорон.
Ёдовар мешавем, ки Геннадий Черевченко дар 18 мавсими футбол шарафи клуби «Помир»-ро ҳимоя намуда, дар ҳайати ин даста 563 бозӣ анҷом додааст ва барои аксар футболбозони ҷавони тоҷик намунаи ибрату омӯзиш аст. Дар мусобиқаи футбол миёни кӯдакон барои гиромидошти хотираи Геннадий Черевченко 8 даста аз шаҳру навоҳии кишвар ба ду зергурӯҳ тақсим шуда, барои баромадан ба зинаҳои баъдӣ талош мекунанд.
Ҳадафи баргузории ин мусобиқа муаррифӣ намудани футболбозони маъруфи кишвар миёни насли наврас мебошад.
Соли гузашта Ҷоми мусобиқаи Геннадий Черевченкоро дастаи футболи «Авиатор» соҳиб гардида буд.








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






