Гузоштани санги асоси бунёди мактаб барои 480 ҷой дар маркази ноҳияи Ишкошим

Июнь 27, 2016 10:15

Душанбе, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар чаҳорчӯбаи сафар ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 оғози расмӣ бахшид.

Дар макони гузоштани санги асос, лоиҳаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 барои 480 ҷой муаррифӣ шуд.

Лоиҳаи мазкур аз 16 синфхонаи таълимӣ, лингофонӣ-компютерӣ ва синфхонаи технологӣ барои писарону духтарон иборат хоҳад буд. Китобхонаву толорҳои хониш, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ барои 260 ҷой низ дар доираи ҳамин лоиҳа бунёд мешаванд.

Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои сохтмони иншооти мазкур 1,8 гектар замин ҷудо гардида, дар лоиҳа майдони варзишии футбол, майдончаҳо барои волейбол, баскетбол, теннис ва майдони ҳарбӣ пешбинӣ гардидаст.

Сарвари давлат ҳини шиносоӣ ба фармоишгару сохтмончиён дастур дод, ки дар сохтмони бино ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ба сифати корҳо аҳамияти махсус зоҳир кунанд, зеро иншоот бояд солҳои тӯлонӣ ба фарзандони сокинони ноҳия хизмат намояд.

Июнь 27, 2016 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон