Хайру эҳсон дар моҳи шарифи Рамазон аз беҳтарин хислатҳои инсонист
Конибодом, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Некиву хайру эҳсон ва шафқату раҳм намудан, кори савоберо ба иҷро расонидан дар моҳи шарифи Рамазон аз беҳтарин хислатҳои инсонист. Дар ин рӯзҳо ҳар амали хайре, ки ба сомон расонида мешавад, айни муддао буда, боиси дастгирист.
Ронандаи нақлиёти мусофиркаши хатсайри № 5-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафар-Канд» Абдурасул Носиров тасмим гирифт, ки дар рӯзи аввали даҳаи дуюми моҳи Рамазон ба аҳолӣ ройгон хизмат расонад. Дар ин рӯз ин ронандаи хайрхоҳ хизмати мусофиронро дар хатсайри №5 ройгон ба ҷо оварда, боиси хушнудии онҳо гашт.
Аҳолии деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом аз иқдоми ронанда Абдурасул Носиров қаноатманду шод гашта, арзи минатдорӣ ва изҳори умед намуданд, ки минбаъд аз ҷониби дигар ронандагон чунин амалҳо дастгирӣ меёбанд.
Воқеан чунин амали хайр ҳарчанд кӯчак менамояд, хеле хайру савоб буда, шоистаи пайравист.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






