Ифтитоҳи роҳҳо ва рушди зерсохторҳои коммуникатсионӣ дар ВМКБ барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони вилоят замина гузошт

Июнь 21, 2016 11:15

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат —  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба минтақаи Бадахшон робитаи бевосита дорад. Вилояти мазкур бо кишварҳои ҳамсояи ҷануб ва шарқ ҳамсарҳад буда, дастрасии мамлакатро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳои Осиёи ҷанубӣ таъмин менамояд. Бо назардошти ин нукта Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди роҳҳо ва рушди зерсохторҳои коммуникатсионии ҳудуди ВМКБ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тамоми имкониятҳои Ҳукумати мамлакатро барои бунёди роҳҳо дар минтақаи Бадахшон сафарбар кардааст. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 1998 роҳи мошингарди Мурғоб  Қулма — Қароқурум ва соли 1999 роҳи мошингарди Кӯлоб-  Қаълаи хумб кушода шуд. Агар роҳи якум ду кишварро ба ҳам пайваст карда бошад, пас роҳи дуюм ду вилояти Тоҷикистонро ба ҳамдигар қарин намуд. Роҳи мошингарди Кӯлоб-  Қалъаи хумб дӯстиву ваҳдатро миёни сокинони мамлакат қавитар гардонида, фаровонӣ ва арзониро дар бозорҳои ВМКБ ҷорӣ кард.
Ба ҳамин тартиб, моҳи ноябри соли 2005 қитъаи роҳи мошингарди Шкев-Зиғар ба истифода дода шуда, таҷдиди роҳи Шоҳон-Зиғар оғоз ёфт. Марҳила ба марҳила қитъаҳои душворгузари роҳи мошингарди Зиғар-  Хостав-  Шкев, Шогун-  Зиғар, Шӯрообод-  Шикев ба истифода дода шуда, ҳаракати мошинҳои гуногунтамға дар ҳама фаслҳои сол, интиқоли молу коло аз ҶМЧ бештару беҳтар гардонида шуданд. Мавзеи душворгузари Девдара дар замони соҳибистиқлолӣ ба роҳи мошингарди ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва номи Девдара ба Гулдара табдил дода шуд. Рушди соҳаи роҳсозӣ барои тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ заминаи асосӣ гузошт, хизматрасонии нақлиёт ба сокинони вилоятро ба таври муосир роҳандозӣ намуд.
Бо баистифода дода шудани шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб  Хоруғ-  Қулма, барқарор гардидани тиҷорат бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, таъсиси гузаргоҳҳои гумрукӣ ва бозорҳои наздисарҳадӣ бо вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сатҳи зисту зиндагонии сокинони ВМКБ даҳҳо маротиба боло рафт, бахшҳои соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ рушди бесобиқа карданд.
Имсол оғози таҷдиди ду қисмати боқимондаи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, яъне қитъаҳои Кӯлоб-  Шӯрообод ва Шкев-  Қалъаи хумб оғоз гардида, барои амалӣ намудани ин тарҳ ба маблағи 800 миллион сомонӣ сармоя ҷалб шудааст.
Дар назар дошта шудааст, ки барои таҷдиди роҳи мошингарди Қаълаи хумб  Ванҷ ба масофаи 110 километр беш аз 2 миллиард сомонӣ маблағҳои пулӣ ҷалб карда мешавад. Корҳои лоиҳавӣ дар ин самт дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд.
Умуман давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои ободонии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии он бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат аз тарафи Ҳукумати мамлакат тавассути ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 6 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Июнь 21, 2016 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2025» баргузор мегардад
Раҳматҷон Раҳматов: «МегаФон Тоҷикистон – танҳо оператори телекоммуникатсионӣ нест»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошад
Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд
ОЁ МЕДОНЕД? Истеъмоли ангур барои гирифторони иллатҳои дилу гурда ва шуш бештар судманд аст
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав муаррифӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон туҳфаҳои аввалини иқдоми «МегаМиллион»-ро тақдим намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад