Ифтитоҳи роҳҳо ва рушди зерсохторҳои коммуникатсионӣ дар ВМКБ барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони вилоят замина гузошт
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба минтақаи Бадахшон робитаи бевосита дорад. Вилояти мазкур бо кишварҳои ҳамсояи ҷануб ва шарқ ҳамсарҳад буда, дастрасии мамлакатро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳои Осиёи ҷанубӣ таъмин менамояд. Бо назардошти ин нукта Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди роҳҳо ва рушди зерсохторҳои коммуникатсионии ҳудуди ВМКБ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тамоми имкониятҳои Ҳукумати мамлакатро барои бунёди роҳҳо дар минтақаи Бадахшон сафарбар кардааст. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 1998 роҳи мошингарди Мурғоб Қулма — Қароқурум ва соли 1999 роҳи мошингарди Кӯлоб- Қаълаи хумб кушода шуд. Агар роҳи якум ду кишварро ба ҳам пайваст карда бошад, пас роҳи дуюм ду вилояти Тоҷикистонро ба ҳамдигар қарин намуд. Роҳи мошингарди Кӯлоб- Қалъаи хумб дӯстиву ваҳдатро миёни сокинони мамлакат қавитар гардонида, фаровонӣ ва арзониро дар бозорҳои ВМКБ ҷорӣ кард.
Ба ҳамин тартиб, моҳи ноябри соли 2005 қитъаи роҳи мошингарди Шкев-Зиғар ба истифода дода шуда, таҷдиди роҳи Шоҳон-Зиғар оғоз ёфт. Марҳила ба марҳила қитъаҳои душворгузари роҳи мошингарди Зиғар- Хостав- Шкев, Шогун- Зиғар, Шӯрообод- Шикев ба истифода дода шуда, ҳаракати мошинҳои гуногунтамға дар ҳама фаслҳои сол, интиқоли молу коло аз ҶМЧ бештару беҳтар гардонида шуданд. Мавзеи душворгузари Девдара дар замони соҳибистиқлолӣ ба роҳи мошингарди ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва номи Девдара ба Гулдара табдил дода шуд. Рушди соҳаи роҳсозӣ барои тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ заминаи асосӣ гузошт, хизматрасонии нақлиёт ба сокинони вилоятро ба таври муосир роҳандозӣ намуд.
Бо баистифода дода шудани шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб Хоруғ- Қулма, барқарор гардидани тиҷорат бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, таъсиси гузаргоҳҳои гумрукӣ ва бозорҳои наздисарҳадӣ бо вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сатҳи зисту зиндагонии сокинони ВМКБ даҳҳо маротиба боло рафт, бахшҳои соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ рушди бесобиқа карданд.
Имсол оғози таҷдиди ду қисмати боқимондаи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, яъне қитъаҳои Кӯлоб- Шӯрообод ва Шкев- Қалъаи хумб оғоз гардида, барои амалӣ намудани ин тарҳ ба маблағи 800 миллион сомонӣ сармоя ҷалб шудааст.
Дар назар дошта шудааст, ки барои таҷдиди роҳи мошингарди Қаълаи хумб Ванҷ ба масофаи 110 километр беш аз 2 миллиард сомонӣ маблағҳои пулӣ ҷалб карда мешавад. Корҳои лоиҳавӣ дар ин самт дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд.
Умуман давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои ободонии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии он бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат аз тарафи Ҳукумати мамлакат тавассути ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 6 миллиард сомонӣ равона шудааст.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






