ИМА ва Куба талошҳояшонро дар мубориза бар зидди терроризм ҳамоҳанг мекунанд
Душанбе, 08.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Департаменти давлатии ИМА эълон дошт, ки хадамоти махсуси Амрико ва Куба ҷаласаи нахустини коршиносон оид ба мубориза бар зидди терроризмро доир мекунанд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Департаменти давлатии ИМА иттилоъ дода шудааст.
«Имрӯз, 8 июн дар Гавана ИМА ва Куба бори нахуст оид ба табодули таҷриба дар мубориза бар зидди терроризм музокирот мегузаронанд», — омадааст дар иттилоия.
Ба ҳайати Амрико намояндагони Бюрои федеролии тафтишотӣ /ФБР-FBI/, Хадамоти гумрук ва назорати сарҳадӣ, Вазорати амнияти дохилӣ ва Департаменти давлатӣ шомил хоҳанд шуд.
Дар Департаменти давлатии ИМА таъкид карданд, ки «ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм яке аз нуқтаҳои муҳими муколамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ИМА ва Куба гардиданд».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






