Имрӯз дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Бангладеш вохӯрии ҷавобиро доир мекунанд

Июнь 7, 2016 09:40

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Соати баргузории вохӯрии ҷавобии плей-оффи Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019, ки   имрӯз дар варзишгоҳи «Бангбаҳанду»-и шаҳри Дакка бо ширкати дастаҳои мунтахаби Бангладеш ва Тоҷикистон барпо мегардад, бинобар сабаби ташрифи моҳи шарифи рамазон тағйир ёфт. Бо дархости Федератсияи футболи Бангладеш оғози бозӣ ба соати 15:30 дақиқаи вақти Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби кишварамон Ҳаким Фузайлов гуфтааст: «Мо  он ғалабаеро, ки дар Душанбе ҳосил шуд, фаромӯш кардем ва имрӯз кӯшиш мекунем, ки аз нав ба пирӯзӣ комёб шавем. Дар ҳайати дастаи мо дар бозии ҷавобӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст, ки онро шумо хоҳед дид».
Манзур аз ин гуфтаҳои сармураббӣ он аст, ки ҳамроҳ бо дастаи мунтахаб  муҳофизатгар Даврон Эргашев ба Бангладеш ҳозир нашуд ва ин тағйироти авалин дар даста хоҳад буд. Баъдан Ҳаким Фузайлов метавонад дигар бозингаронеро, ки дар вохӯрии  аввали тим  ширкат  надоштанд, дар ин бозии расмӣ аз санҷиш гузаронад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе Тоҷикистон бо натиҷаи 5:0 Бангладешро шикаст дода буд.

Июнь 7, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст