«Истиқлол»-и Душанбе бо «Локомотив»-и Маскав бозии дӯстона мегузаронад
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Санаи баргузории бозии дӯстонаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон бо тими «Локомотив»-и Маскав, қаҳрамони дукаратаи Русия муайян гардид.
Тибқи иттилои торнамои бошишгоҳи тими «Истиқлол» бозии рафиқона бо тими «Локомотив» 26 июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар асоси шартнома Игор Черевченко, зодаи Тоҷикистон, сармураббии тими «Локомотив» ҳайати асосии дастаашро ба Душанбе хоҳад овард. Торнамои бошишгоҳи «Истиқлол» мегӯяд, ки бозии мазкур ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда, чорумин дидори варзишгарони тоҷик бо тими «Локомотив» хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки тими «Локомотив» яке аз дастаҳои овозадор, қаҳрамони дукаратаи Русия буда, сармураббии он Игор Черевченко, собиқ футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






