Конфронс: «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ»

Июнь 22, 2016 14:37

Душанбе, 22.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ» бо иштироки Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯён доир гардид.
Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ аз нақши раҳбари кишвар, аз парокандашавӣ наҷот додани халқи тоҷик  ва ҷалби мардум ба ободсозии Ватан ҳарф зада, гуфт, ки ин ҳама корҳо басо душвор ва ба назари бисёриҳо дар он замон ғайримумкин буданд. Аммо талошу заҳматҳои шабонарўзӣ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа ба Сарвари давлати тозабунёд имкон доданд, ки таваҷҷуҳи мардумро  аз танишҳои лафзӣ ва гилаву гузорҳои бемаънӣ ба роҳи бунёдкорию  созандагӣ ва барқарор кардани иқтисоди фурўрафтаи ҷумҳурӣ равона созад.
Ба андешаи Ф. Раҳимӣ фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат равона созем.
Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Руқия Қурбонова аз дастовардҳову пешравиҳои соҳаҳои гуногуни кишвар, ки ҳама дар натиҷаи Ваҳдат ба даст омадаанд, ҳарф зада, иброз намуд, ки: «Ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо бисёр азизу муқаддас аст. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии самимонаи халқи сулҳдӯсту ободгари Тоҷикистон мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ истиқрори ваҳдати миллиро дар саросари кишвар таъмин карда, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам созем. Дар ҳамин замина, миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд».
Узви Комиссияи оштии миллӣ, академики Академияи илмҳои ҶТ Кароматулло Олимов атрофи нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат, мазмуну моҳият ва арзиши он ибрози назар намуда, зикр кард, ки: «Он рӯзҳои бисёр даҳшатноку фоҷиаборро, ки боиси азобу машаққати зиёд ва ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштаи мамлакат шуда буданд, ҳаргиз фаромӯш намешавад. Дар баробари ҳамаи он тадбирҳое, ки ба хотири оромии авзои сиёсӣ, эҳёи иқтисоди фалаҷшуда ва беҳдошти рӯзгори мардум андешида мешуданд, мо ҳамчун узви Комиссияи оштии миллӣ бо сарварии Президенти кишвар барои сари мизи гуфтушунид нишастани намояндагони Ҳукумат ва мухолифин низ талошҳо мекардем, зеро барои ҳар як фарди солимфикр маълум буд, ки идома ёфтани муқовимати мусаллаҳона боиси талаф ёфтани ҷони ҷавонмардон ва харобиву нобасомониҳои минбаъда мегардад. Ғайр аз ин, ҳарду ҷониб дақиқу мушаххас медонист, ки оқибати ҳама гуна ҷанг муросо ва сулҳ аст ва ҷангу зӯроварӣ ҳеҷ гоҳ инсонҳоро ба мурод намерасонад. Бинобар ин, ҳарчи зудтар ба сари мусолиҳа ва оштӣ омадан ба манфиати мардуму кишвари мост.
Вале бояд гуфт, ки роҳи сулҳ низ чандон ҳамвору бемонеа набуд.
Баъди вохӯриву музокирот, ки қариб чор сол дар Маскаву Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод ва дигар маҳаллу мавзеъҳо гузаронида шуданд, оқибат даври ниҳоиро дар Маскав доир карда, ба санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ имзо гузоштем. Боиси тазаккур аст, ки ҳамаи он дастоварду пешравиҳо, ободию созандагӣ, ки имрӯз насиби мардуми тоҷик гаштааст, аз тараннуми Ваҳдат аст».
Дар идомаи конфронс доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммад Абдураҳмон дар мавзӯи «Ваҳдат андешаи бузург ва иродаи миллист» ва магистри бахши дуюми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовуддинов Имомдод Олифтаев дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Июнь 22, 2016 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид