Маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» дар Деваштич

Июнь 8, 2016 10:29

Деваштич, 8.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич дар якҷоягӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмуни ҷамоавии «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» баргузор шуд.
Озмун мақсад ва мароми густариши дӯстию рафоқат байни ҷавонон, бедор намудани завқу рағбати онҳо барои эҷодиёту навоварӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, дарёфти чеҳраҳо ва фаъолони нав ба навро доро буда, қувваи ҷисмониву рӯҳии онҳоро барои созандагиву бунёдкорӣ равона менамояд.
Дар озмуни мазкур дастаҳои муассисаҳои таълимии деҳоти Басманда, Даҳкат ва Қалъаи Дӯст ширкат варзиданд. Дастаҳо бо саҳнаю сурудҳо ва ҳазлу шӯхии худ аҳли толорро болидахотир намуда, доир ба мавзӯъҳои дастовардҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ҳунарнамоӣ карданд. Хусусан аъзои дастаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 деҳаи Басманда бештар аз дигар муассисаҳо фаъолнокӣ зоҳир намуда, бо баҳои баланди доварон сазовори ҷойи ифтихорӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Июнь 8, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд