Мулоқот бо намояндаи Федератсияи байналмилалии теннис дар КМО Тоҷикистон
Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқоти котиби генералии КМО ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев бо корманди шуъбаи байналмилалии Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) Амир Боргҳей баргузор шуд. Баҳрулло Раҷабалиев дар бораи дастовардҳои теннисбозони тоҷик иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки ба рушди намуди маъмули олимпӣ- теннис дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе мусобиқаи теннисбозони наврас барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон барпо мегардад. Мусобиқаи имсола моҳи сентябр доир хоҳад шуд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли равон давраи бозомӯзии техникии дараҷаи аввалро барои мураббиёни теннис ба нақша гирифтааст. Инчунин соли 2017 КМО ҶТ ва Федератсияи байналмилалии теннис ният доранд, ки марҳилаи муқаддамотӣ ва минтақавии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба теннис барои Ҷоми Девисро дар Тоҷикистон баргузор намоянд, — иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.
Зимни мулоқот Амир Боргҳей дар бастагӣ ба Ҷоми Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки барои тайёрии хуби теннисбозони тоҷик ба ин мусобиқа, Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) баргузории мусобиқаи наврасонро дар Душанбе ба нақша гирифтааст.
Баҳрулло Раҷабалиев гуфт, ки КМО ҶТ ин пешниҳодро бо хушнудӣ истиқбол ва дастгирӣ менамояд.
Дар охири мулоқот ба Амир Боргҳей туҳфаҳои хотиравии КМО ҶТ тақдим шуд.
Дар мулоқот президенти Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидов, ноибони президенти ин федератсия Фарҳод Саидов, Раҳматулло Раҷабалиев, Анвар Раҳматов ва котиби генералии федератсия Мирҳусейн Яҳёев ширкат доштанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






