Намояндагони шаҳри Новосибирск ба маҳсулоти содиротии соҳибкорони тоҷик таваҷҷуҳ доранд

Июнь 16, 2016 09:53

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ«Ховар»/. Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо намояндагони шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия, ки бо мақсади иштирок дар чорабинии «Фестивали зардолу ва гул» ба вилояти Суғд омадаанд, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот меҳмонон иброз намуданд, ки табиати зебову ҳавои тозаи ин минтақа онҳоро тасхир кардааст. Ба андешаи онҳо ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ҷодаи туризм ба манфиати кор хоҳад буд, зеро табиати зебои диёр, хусусан манзараҳои дилфиреби соҳили «Баҳри тоҷик» имкон медиҳанд дар ин ҷода муваффақ гарданд.
«Боғоти вилоят, хусусан меваҳои шаҳдбори зардолуву олу, гелосу олуча ва шафтолу моро ба ваҷд овард. Мо дар умрамон бори нахуст меваҳои донакдорро бевосита аз дарахташ канда истеъмол кардем.
Аз шиносоии мухтасар мо ба чунин хулоса омадем, ки бо маблағгузорӣ метавон дар маркази вилоят захира ва коркарди меваҳоро ба таври муштарак ташкил кард»,-гуфт Виктор Александрович, намояндаи шаҳри Новосибирск.
Муовини якуми раиси шаҳри Новосибирск В.А. Игнатьев гуфт, ки вилояти Новосибирск ба меваҳо сахт эҳтиёҷманд аст. Аз ин рӯ, таъсиси корхонаҳои муштарак ҷиҳати содироти мева ба Новосибирск ба манфиати кор аст. Шаҳр  дар шоҳроҳи транзитӣ ҷойгир шуда, бо бисёр вилоятҳои азими Федератсияи Русия, ба монанди Томску Кузбас ва Омск ҳамсарҳад аст ва маҳсулоти содиротии соҳибкорони тоҷик серхаридор хоҳад буд.
Дар мулоқот ҳамчунин директори генералии Ширкати «Груп Компания Холидей»-и шаҳри Новосибирск И.В. Крамич, мушовири Палатаи савдои шаҳри Новосибирск Э.А. Кузменко, намояндаи Палатаи савдои Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Салимҷон Икромов иштирок доштанд.

Июнь 16, 2016 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст