Намояндагони шаҳри Новосибирск ба маҳсулоти содиротии соҳибкорони тоҷик таваҷҷуҳ доранд
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ«Ховар»/. Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо намояндагони шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия, ки бо мақсади иштирок дар чорабинии «Фестивали зардолу ва гул» ба вилояти Суғд омадаанд, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот меҳмонон иброз намуданд, ки табиати зебову ҳавои тозаи ин минтақа онҳоро тасхир кардааст. Ба андешаи онҳо ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ҷодаи туризм ба манфиати кор хоҳад буд, зеро табиати зебои диёр, хусусан манзараҳои дилфиреби соҳили «Баҳри тоҷик» имкон медиҳанд дар ин ҷода муваффақ гарданд.
«Боғоти вилоят, хусусан меваҳои шаҳдбори зардолуву олу, гелосу олуча ва шафтолу моро ба ваҷд овард. Мо дар умрамон бори нахуст меваҳои донакдорро бевосита аз дарахташ канда истеъмол кардем.
Аз шиносоии мухтасар мо ба чунин хулоса омадем, ки бо маблағгузорӣ метавон дар маркази вилоят захира ва коркарди меваҳоро ба таври муштарак ташкил кард»,-гуфт Виктор Александрович, намояндаи шаҳри Новосибирск.
Муовини якуми раиси шаҳри Новосибирск В.А. Игнатьев гуфт, ки вилояти Новосибирск ба меваҳо сахт эҳтиёҷманд аст. Аз ин рӯ, таъсиси корхонаҳои муштарак ҷиҳати содироти мева ба Новосибирск ба манфиати кор аст. Шаҳр дар шоҳроҳи транзитӣ ҷойгир шуда, бо бисёр вилоятҳои азими Федератсияи Русия, ба монанди Томску Кузбас ва Омск ҳамсарҳад аст ва маҳсулоти содиротии соҳибкорони тоҷик серхаридор хоҳад буд.
Дар мулоқот ҳамчунин директори генералии Ширкати «Груп Компания Холидей»-и шаҳри Новосибирск И.В. Крамич, мушовири Палатаи савдои шаҳри Новосибирск Э.А. Кузменко, намояндаи Палатаи савдои Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Салимҷон Икромов иштирок доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






