Ғолиби озмуни ҷамоати беҳтарин дар Деваштич муайян гардид
Деваштич, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияи беҳтарин, ҷамоат, маҳалла, оила ва хонаи намунавӣ ҷараён дошта, имрӯзҳо он натиҷабардорӣ мешавад. Ҷамоати деҳоти Яхтан дар ноҳияи Деваштич дар зинаи аввали ғолибияти ин мусобиқа ҷой гирифт.
Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 5 мактаби замонавӣ ва 2 кӯдакистон амал менамояд. Инчунин бо ибтикори собиқадори меҳнат Ворис Орипов барои бунёди варзишгоҳ дар деҳаи Хӯҷа Тоҳир низ санги асос гузошта шудааст. Соҳибкорони маҳалӣ ба рушди корхонаҳои саноатӣ эътибор дода, аз ҷумла Корхонаи хиштбарории ҲАҶМИС ва коргоҳи коркади қуму шағали «Манзил» фаъолият доранд. Дар ҳамаи деҳаҳо марказҳои таълимию истеҳсолии ҳунарҳои миллӣ амал карда, беш аз 30 нафар занону духтарон бо ҷои кор таъмин шуданд. Соҳаи пиллапарварӣ низ дар ҷамоат рушд ёфта, беш аз 70 фисади хоҷагиҳои пиллапарвар ба ҳиссаи хоҷагиҳои ҳудуди ҷамоати мазкур рост меоянд.
Дар чорабинии тантанавии ҷамъбастӣ тамоми сокинони ҷамоати мазкур бо намоиши дастовардҳои ҷамоавӣ ҷамъ омаданд. Даҳҳо фаъолоне, ки дар пешбурди соҳаи гуногуни хоҷагии халқ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг ва варзиш саҳмгузор буданд, аз тарафи раиси ноҳия бо Ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






