Ҷоми чемпионҳои Осиё: Корея, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Чин бо ду дастаӣ муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд

Июнь 10, 2016 10:16

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар қуръакашие, ки дар бошгоҳи Конфедератсияи футболи Осиё-шаҳри Куала-Лумпури Малайзия  ба сомон расид, иштирокдорони марҳалаи ¼- ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Осиё ҳарифони худро шинохтанд. «Шанхай Сипг»-и Чин бо «Чонбук Хундай моторс»-и Кореяи Ҷанубӣ, «Алайн»-и АМА бо «Локомотив»-и Узбекистон, «Сеул»-и Корея бо «Шандунг Линенг»-и Чин ва «Алҷайш»-и Қатар бо «Алнаср»-и АМА дар моҳи август ва сентябр бо ҳам қувва меозмоянд.
Дар бозиҳои ¼- ниҳоӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Чин ду дастаӣ муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд. Вохӯриҳои нимниҳоӣ бо ширкати ғолибони ҷуфти аввал бо дуюм ва сеюм бо чорум гузаронида мешаванд .
Соҳиби  Ҷоми чемпионҳои Осиё дар ду бозӣ- рафту баргашт муайян карда мешавад.

Июнь 10, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад