Озмуни «Нозирони навраси ҳаракат» барои пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ
Душанбе, 1.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати БДА миёни мактаббачагони кишвар озмуни «Нозирони навраси ҳаракат» баргузор мегардад.
Имсол даври 6-уми озмуни мазкур дар минтақаи саёҳатии Варзоб аз 31 май то 3 июнисоли равон гузаронида мешавад.
Тавре ки сомонаи расии ВКД хабар медиҳад, 31 май панҷ даста дар ҳайати даҳнафарӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои иштирок дар озмуни «Нозирони навраси ҳаракат» ҷамъ омада, ба истироҳатгоҳи ноҳияи Варзоб рафтанд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, паст намудани сатҳи садаманокӣ, фаҳмонидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба наврасон ва омӯзонидани аломатҳои роҳ ба онҳо мебошад, то ки онҳо дар миёни ҳамсолони хеш қоидаҳои ҳаракати роҳро фаҳмонида тавонанд.
Дар айни замон озмун идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






