«Роҳнамои хонанда» хонандагони КМТ-ро бо қоидаҳои узвият ба Китобхона шинос мекунад

Июнь 6, 2016 11:38

Душанбе, 06.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо мақсади ҳарчи бештар ошно намудани хонандагон бо шарту шароити Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) дастури тавсиявиро  бо номи «Роҳнамои хонанда» зери назари доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода аз чоп баровард.
«Роҳнамои хонанда» аъзои КМТ-ро бо таъриху  қоидаҳои узвият дар Китобхона, толорҳои хониш, марказу намоишгоҳҳои КМТ ошно менамояд.
Ин аввалин талош барои муаррифии хонанда бо Китобхона аз роҳи таҳияи китобчаҳои раҳнамоикунанда мебошад. Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ тасмим гирифтааст, ки дар оянда дигар намуди чунин китобчаҳоро омода созад.
Дастури  «Роҳнамои хонанда» барои дўстдорони китобу китобхона тавсия дода мешавад.

Июнь 6, 2016 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд