С. Аслов: «Саъю талош барои пешгирии ифротгароии хушунатомез метавонад муваффақона бошад»
Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар» /. Тоҷикистон бо доштани тӯлонитарин марз бо Афғонистон, дар хати пеши мубориза бо таҳдидҳои гуногун ҷойгир буда, новобаста ба имконоти маҳдуди иқтисодӣ дар ин самт фаъолияти ҳаматарафаи мунтазам мебарад.
Дар ин бора зимни як баромад дар мулоқоти коршиносон дар сатҳи баланд оид ба масъалаи дарёфти ҳалли пешгирии ифротгароии хушунатомез вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Аслов изҳори назар кард.
Роҳбари Идораи сиёсати хориҷии кишвар изҳори нигаронӣ кард, ки кӯшишҳои бахарҷдода на ҳамеша аз ҷониби шарикони мо ба таври лозимӣ тарафдорӣ мешаванд. Меъёрҳои дугонае, ки аз ҷониби онҳо истифода мешаванд, имкон намедиҳанд вазъият, таҳдидҳои иқтидорӣ ва хусусиятҳои минтақаи моро шаффоф ва беғаразона арзёбӣ намоем.
«Кишвари мо таҷрибаи талхи муноқишаҳои дохилиро дорад, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ва сарпарастони онҳо таҳмил шудаанд. Оқибатҳои манфии ин даргирӣ то ба имрӯз эҳсос мешаванд. Тадбирҳои пешгирифтаи Хукумат ба роҳ надодан ба такроршавии он ҳодисаҳои фоҷиабор равона шудааст»,- гуфт С.Аслов.
Бино ба гуфтаи ӯ мушкилоти масъалаҳои вобаста ба ифротигароии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои байналмилалии ифротгароӣ ва террористӣ таваҷҷуҳи хосеро талаб менамоянд. «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин соҳа ба коркард ва дар оянда татбиқ намудани иқдомҳои муассир барои амали зидди ифротгароии хушунатомез мусоидат менамояд. Хусусан дар шароити мураккаби низомию сиёсӣ дар Ховари Миёна ва Афғонистони ҳамсоя ин ниҳоят муҳим аст».
С.Аслов зарурати афзудани талоши ҷомеаи байналмилалӣ дар масъалаи расонидани кумакҳои мақсадноки молию фаннӣ (техникӣ) ба Афғонистонро, ки аз он субот дар ин кишвар ва минтақа вобаста аст, таъкид намуд.
«Саъю талош барои пешгирии ифротгароии хушунатомез метавонад танҳо дар шароити фаъолияти дутарафа бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши шахсӣ ва хар узви ҷомеаи мо муваффақона бошад»,- хулоса кард роҳбари ВКХ ҷумҳурӣ.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






